Сообщения

Сообщения за октябрь, 2021

САВОДИ РАСОНАӢ: ТАЪЛИМИ ОН ТАҚОЗОИ ДАВР АСТ

Изображение
Ба ҷараёнҳои гуногуни террористиву экстремистӣ гаравиш пайдо кардани ҷавонону донишҷӯён, ба назари коршиносон, пайомади таъсири манфии расонаҳои хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.  Дар ҳоли ҳозир инсоният иттилоъро ҳар рӯз аз фазои маҷозӣ дарёфт намуда, онро дар бештарини ҳолат бидуни санҷидани дурустии он қабул менамояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷаҳони имрӯз пур аз хатару таҳдидҳои сиёсӣ буда, бархӯрди манфиатҳо ва ҷанги иттилоотӣ идома дорад. Гуфта мешавад, ки ифротгароён барои ба доми худ афтондани ҷавонон аз ҳамлаҳои  киберӣ истиф од а мекунанд. Онҳо бо роҳи паҳн кардани иттилои бардурӯғ барои ҷомеа хатари мустақим эҷод менамоянд. Коршиносон низ яке аз сабабҳои ифротгаро шудани ҷавонону донишҷӯёнро дар надоштани саводи расонаӣ медонанд.  Маҷмӯи малакаю қобилиятҳоеро, ки ба одамон барои таҳлил, арзёбӣ, эҷод ва пахши иттилоот дар шакл ва жанрҳои гуногун имконият медиҳад, саводи расонаӣ номида мешавад. Он шахсро водор менамояд, ки ба он чизҳое ки тамошо мекунад, мебинад ва мехонад бо н