Сообщения

Сообщения за октябрь, 2020

ҲОШИМ ГАДО "ДАРДИ САР АСТ?

Изображение
Боз ҳам аз сӯе зи Ҳошим Гадо, ҳунарпешаи мардумии тоҷик ёд карда шуд. Аммо на ба хушнудӣ, балки ба як оҳанги сӯгмандона ва дареғмандона.  Лутфуллоҳи Азиз, хабарнигори тоҷик имрӯз аз гуфтугӯи телефонии худ бо ҳунарпешаи номӣ ёдоварӣ карда, дар сафҳаи фейсбукияш навиштааст: "Дина бегаҳ 20 дақиқа бо Ҳошим Гадо суҳбати телефонӣ доштам. Давоми 20 дақиқа аз ман бо исрор суол кард: "Лутфулло, т бугӯ, чиба дар рӯзи 90-солагии кинои тоҷик мара даъват накарданд?" Воқеан, ҷойи суол дорад, чаро ҷоизадори "Рӯдакӣ" ба ҷашни синамои тоҷик, ки Ҳошим Гадо низ ҷузъе аз таърихи он ба ҳисоб меравад, даъват нашуд? Оё номи ӯ аз сафҳаи таърих зудуда шуда? Ва ё нақшҳое ки вай бозидааст, ба дард намехӯрад? Ё худ Ҳошим Гадо "дарди сар" аст, ки аз ӯ ёд намекунанд? Агар чунин аст, чаро ба ӯ унвони баландтарини Иттиҳоди Шӯравӣ - "ҳунарпешаи мардумӣ" дода шудааст? Ё масъулини Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм", аз баргузоркунандагони маросими таҷлил аз рӯзи синамо,