Сообщения

Сообщения за май, 2020

ОБЛАВА: "СОАТ ЧАНДАЙ, БРАТИШКА?!"

Изображение
Ё худ чӣ гуна ман ба чанги гирудориён афтидам? Шабонгаҳ ба сарам фикре омад, ки фардо субҳ ба Боғи "Ғалаба" мераваму барои корбарони шабакаи Фейсбук "гузорише" дар бораи Рӯзи ғалаба омода менамоям.  Пагоҳирӯз соати 8 буд, ки аз хона берун шудаму роҳ пеш гирифтам сӯи боғ. Соате пас ба макони дилхоҳ расидам. Маросими расмии таҷлили 75-умин солгарди пирӯзӣ бар фашизм аллакай поён ёфта буду ансамбли созу навои Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар аз боғ берун меомаданд.  Як-як одамон ҳамроҳ бо хурдсолон вориди боғ мешуданду хотираи наздикону пайвандон ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ медоштанд. Ман бо ҷамъе аз аъзои Иттиҳодияи интернатсионалистони собиқадор дохили боғ гаштам. Собиқадорони ҷанг "Ҳанги ҷовидон" ном иқдомеро рӯи даст доштанд, ки бо ёдоварӣ ва поси номи неки шаҳидону муборизон ва қаҳрамонони Ҷанги Дуюми Ҷаҳон роҳандозӣ гардида буд. Шеърхониву гулгузорӣ шуду ёде аз рафтагону ҷонфидоиҳои бузургмардон... Пас аз иҷрои вазифаи худ аз боғ поин шудам