Сообщения

Сообщения за ноябрь, 2020

КӮҲ, ПАХТА ВА ГАНДУМ: ЧАРО ДАР НИШОНИ ДАВЛАТӢ 'ОБ' НЕСТ?

Изображение
Нишони давлатии мо андак дороиҳои миллатро намоёнда: кӯҳ, пахта ва гандум. Кӯҳҳои сар бар афлокаш Тоҷикистони кӯчаки моро шинохтаи ҷаҳониён, тиллои сафедаш ородиҳандаву нерӯбахши тани одамон ва гандумаш ҷонбахши ҷондорҳост. Аммо ин ҳама пурсишеро дар зеҳн ба бор меорад, ки оё магар мешавад бе об кӯҳ пиряхдору пунба матоъу гандум орд бошад? Агар посух 'на' бувад, онгаҳ мантиқӣ ва боиста аст, ки дар нишони давлатӣ об низ нигошта шавад. Аммо боз ҳам на, чаро ки об андар дирафш нуҳуфтааст ва рангҳои он намоди вижагиҳои об аст. Сурх аст, чун дар дарозои торих барои об ҷон бохтанду ҷон ситонданд. Сафед аст, чун дар тирашабҳои мардум хуршедвор рӯшноибахш асту корсоз. Сабз аст, чун сарсабзиҳои ҷаҳон зи об аст. Тоҷ аст, чун Тоҷикистон саргаҳи обҳои ҷории ҳамсоякишварҳост. Пас дирафш ки намоди обу Тоҷикистони пуроб аст, баланд бошад гаҳе беҷо кунад сангҳои сахти рӯзгоронро. Ҳумоюн бод ҷашни дирафш!

ҚУРБОНИ СОБИР аълочии кинематографияи тоҷик гардиду ҲОШИМ ГАДО қурбони собир!

Изображение
Яке аз муҳимтарин ташаббусҳои тозаи Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" дар остонаи ҷашни 90-умин солгарди ин ниҳод аз сӯйи раҳбарияти он созмондеҳии нишони "Аълочии кинематографияи тоҷик" хонда мешавад, ки қарор аст барои хадамоти шоиста ва назаррас дар пешрафти синамои миллӣ ба нафарони коркӯфтаи соҳа тақдим гардад. Саранҷом синамогарони бисёре барои заҳамоти пурбор ва мондгор бо ин унвони тозатаъсис қадршиносӣ ва мавриди арҷгузорӣ қарор гирифтанд. Боястӣ гуфт, ин ибтикор наву бесобиқа буда, дар ҳоле рӯйи даст гирифта шуда, ки бемории дунёгири тоҷвирус яксара доман густардаву зеҳни бознишастагони синаморо ошуфта карда. Дар ҳамчунин бӯҳрони зеҳниву рӯҳӣ арҷ гузоштан ба хадамоти эшон тағйири рӯҳия ва шодмонии онҳост, ки аз сӯе арзишмеҳварӣ ва ниҳодина шудани фарҳанги қадр аст.  Аммо дар ин росто корозмудагоне низ ҳастанд, ки ҳанӯз ба ин нишон даст наёфтаанд ва имрӯзҳо бо тоҷвирус дасту панҷа нарм мекунанд... Қурбони Собир Ахиран Қурбони Собир, ки бозигари пурҳунари худо