ОБЛАВА: "СОАТ ЧАНДАЙ, БРАТИШКА?!"

Ё худ чӣ гуна ман ба чанги гирудориён афтидам?

Шабонгаҳ ба сарам фикре омад, ки фардо субҳ ба Боғи "Ғалаба" мераваму барои корбарони шабакаи Фейсбук "гузорише" дар бораи Рӯзи ғалаба омода менамоям. 
Пагоҳирӯз соати 8 буд, ки аз хона берун шудаму роҳ пеш гирифтам сӯи боғ. Соате пас ба макони дилхоҳ расидам. Маросими расмии таҷлили 75-умин солгарди пирӯзӣ бар фашизм аллакай поён ёфта буду ансамбли созу навои Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар аз боғ берун меомаданд. 
Як-як одамон ҳамроҳ бо хурдсолон вориди боғ мешуданду хотираи наздикону пайвандон ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ медоштанд. Ман бо ҷамъе аз аъзои Иттиҳодияи интернатсионалистони собиқадор дохили боғ гаштам. Собиқадорони ҷанг "Ҳанги ҷовидон" ном иқдомеро рӯи даст доштанд, ки бо ёдоварӣ ва поси номи неки шаҳидону муборизон ва қаҳрамонони Ҷанги Дуюми Ҷаҳон роҳандозӣ гардида буд. Шеърхониву гулгузорӣ шуду ёде аз рафтагону ҷонфидоиҳои бузургмардон...
Пас аз иҷрои вазифаи худ аз боғ поин шудаму қадамзанон сайри Душанбешаҳр кардам. Соат ба 14:20 дакка мехӯрд, ки ба Чортут, сесад метр дуртар аз хона, расидам. Дар дастам телефон мусиқигӯшкунон аз самти рости роҳ ба чапи ҷода мегузаштам, ки мошини сафедранги тамғаи "Кемрӣ-1" (7334 RC 01 TJ) сӯям садои худравро баланд кард. Тааҷҷуб кардаму ҷӯёи сабаб шудан хостам. Дар даруни худрав се мард бо либосҳои маъмулӣ нишаста буданд, ки сеюмӣ аз дари пас пойин шуд. Мусиқиямро хомӯш кардаму пурсонаш шудам, ки ронанда чӣ мехоҳад? Сӯям даст дароз карду пурсид:
- Соат чандай, братишка?
- Соат?! - гуфтаму ба телефонам нигаристан хостам, ки гуфт телефонро ба ман деҳ.
- Фаҳмидам, облаваед. Донишҷӯям, ака.
- Донишҷӯ?!
- Нишон диҳам?
- Нишон деҳ.
Телефонро ба ҷайбам гузоштаму кифро боз кардам ва билети донишҷӯиямро баровардам. Дохилаш корти Китобхонаи миллӣ буду шиноснома ва чанд коғазпора. Коғазҳоро аз дарунаш берун кашиданӣ будам, ки ронанда - сардори сарбозшикорҳо "биё, монша, рафтем" гуфту ҳамкорашро ба нишастан даъват кард. Билети донишҷӯиро нишон додаму афзудам: "Мешавад?!"
- "Мешавад" гуфту ба мошин савор шуд. Мошин ҳаракат карду чанги замин ба ҳаво хест.

Гирудорашон имрӯз бебарор буда, чун чанд нафарро хостаанд доранд, вале натавонистаанд.


***

Ман аз синни 17 ё пештар аз он орзу мекардам, ки боре ба дасти "облава" афтам. Синфи 11 мехондам, ки рӯзе равона ба Китобхонаи миллӣ будам. Дар тан дарсҷома доштам, ки марде маро дошту гуфт:
- Додар, як чит мегум, ҳичкада нагӯ. Да боло облаваай.
- Майлаш, гуфтаму ба роҳам идома додам.
Медонед, "сарбозшикорҳо" чӣ кор карданд? Таваҷҷуҳ ҳам накарданд...
Мактабро ҳам ба поён бурдаму донишҷӯ шудам. Ҳамоно мехостам, якборакак "меҳмон"-и онҳо шавам. Нашуд, ки нашуд.
Солҳои донишҷӯӣ ҳам ба орзуям нарасидам. Се рӯз пеш донишгоҳро хатм кардаму имрӯз комёб шудам, вале бо бархӯрди бароям ғайриинтизор. Ҳайронам, ки нохудогоҳ худро фурӯхтам. Нақшаҳои ман дигар буду... Хайр, ҳеч гап не, шояд дафъаи дигар ба ҳадафам мерасам... 

Нукта:

1. Дар ин шабурӯз, ки салом кардан бо даст қатъан манъ аст ва вазорати тандурустӣ ва созмонҳои беҳдоштӣ аз худдорӣ аз ин навъи салом батакрор таъкид мекунанд, оё ин афрод бархурдор аз имтиёз ҳастанд, ки ҷавононро вогир ба беморӣ кунанд?! 
2. Пас аз гирудори Абдуллоҳ Ғурбатӣ (як соли пеш) кормандони "Облава" ҳушёр шудаанд: Даррав телефонро аз дастат мегиранд. 

P.S. Ғурбатӣ ҳангоми ҳузур доштан дар худрави "облава" бо нашри пахши мустақим дар шабакаи Фейсбук қазияро расонаӣ карда буд, ки боиси нанги "гирудориён" гашт ва мавҷи вокунишҳои ҷомеаи маданиро ба бор овард.

Ба умеди тандурустӣ ва ба 
дур аз гирудор буданҳои шумо,

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ҚУРБОНИ СОБИР аълочии кинематографияи тоҷик гардиду ҲОШИМ ГАДО қурбони собир!

КӮҲ, ПАХТА ВА ГАНДУМ: ЧАРО ДАР НИШОНИ ДАВЛАТӢ 'ОБ' НЕСТ?