ҲОШИМ ГАДО "ДАРДИ САР АСТ?


Боз ҳам аз сӯе зи Ҳошим Гадо, ҳунарпешаи мардумии тоҷик ёд карда шуд. Аммо на ба хушнудӣ, балки ба як оҳанги сӯгмандона ва дареғмандона. 

Лутфуллоҳи Азиз, хабарнигори тоҷик имрӯз аз гуфтугӯи телефонии худ бо ҳунарпешаи номӣ ёдоварӣ карда, дар сафҳаи фейсбукияш навиштааст: "Дина бегаҳ 20 дақиқа бо Ҳошим Гадо суҳбати телефонӣ доштам. Давоми 20 дақиқа аз ман бо исрор суол кард: "Лутфулло, т бугӯ, чиба дар рӯзи 90-солагии кинои тоҷик мара даъват накарданд?"
Воқеан, ҷойи суол дорад, чаро ҷоизадори "Рӯдакӣ" ба ҷашни синамои тоҷик, ки Ҳошим Гадо низ ҷузъе аз таърихи он ба ҳисоб меравад, даъват нашуд?
Оё номи ӯ аз сафҳаи таърих зудуда шуда?
Ва ё нақшҳое ки вай бозидааст, ба дард намехӯрад?
Ё худ Ҳошим Гадо "дарди сар" аст, ки аз ӯ ёд намекунанд?
Агар чунин аст, чаро ба ӯ унвони баландтарини Иттиҳоди Шӯравӣ - "ҳунарпешаи мардумӣ" дода шудааст? Ё масъулини Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм", аз баргузоркунандагони маросими таҷлил аз рӯзи синамо, шахсияти устодро зери суол бурдан мехоҳанд?
Ин ҳам дар ҳолест, ки гуфта мешавад дар ин маросим ба ходимони фарҳангу ҳунар як қатор медалу ифтихорномаҳо тақдим гардидааст, ки нишони "Аълочии кинематографияи тоҷик" аз ҷумлаи онҳост. Вале, ба иттилои дарёфтии мо, Ҳошим Гадоро ба ин нишон низ сазовор надонистанд, бо он ки нисфи умраш сарфи фаъолият дар синамои тоҷик ва беш аз 50 филм бо нақшофаринии ӯ сабт гардидааст, ки моли студияҳои бо номи "Тоҷикфилм", "Узбакфилм", "Озарбойҷонфилм" ва "Беларусфилм" мебошад.
Боз ҳам пурсише ба миён меояд, ки оё нақши офаридаи Ҳошим Гадо дар филми мондгори "Рустам ва Сӯҳроб", ки баъдан барояш ҷоизаи "Рӯдакӣ"-ро овард, аз касбият бархурдор набуд? Оё магар пас аз ин гуна муносибат мешавад ӯро ҷоизадори "Рӯдакӣ" гуфт? Ва ҳатто ҳунарпешаи мардумӣ?!
Агар гиромӣ доштани устодони ҳунаре чун Ҳошим Гадо чунин аст, пас чӣ ҷойи гила аз Барзу ки солҳои охир аз саҳнаи ҳунари тоҷик рафт! Аммо агар вазъ то дер гаҳ чунин аст, умедамонро аз пешрафти синамо, театр ва дар маҷмӯъ ҳунар беҳтар аст биканем! Хоҳему нахоҳем ин ҳама ба рӯҳияи насли нави синамогарону бозигарон таъсири худро мегузорад ва эшонро дилсард низ карда метавонад.
Оё хуб нест шеваи муносибатамонро бо эҷодкорон бознигарӣ ва дигар намоем?! Воқеан, ҷойи андеша дорад!
Ҳанӯз ҳам дер нашуда, устодро ба маросиме вижа даъват карда, аз ӯ пӯзиш хоставу бо нишони "Аълочии кинематографияи тоҷик" қадрдонӣ намоянд.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ҚУРБОНИ СОБИР аълочии кинематографияи тоҷик гардиду ҲОШИМ ГАДО қурбони собир!

ОБЛАВА: "СОАТ ЧАНДАЙ, БРАТИШКА?!"

КӮҲ, ПАХТА ВА ГАНДУМ: ЧАРО ДАР НИШОНИ ДАВЛАТӢ 'ОБ' НЕСТ?