КӮҲ, ПАХТА ВА ГАНДУМ: ЧАРО ДАР НИШОНИ ДАВЛАТӢ 'ОБ' НЕСТ?


Нишони давлатии мо андак дороиҳои миллатро намоёнда: кӯҳ, пахта ва гандум.

Кӯҳҳои сар бар афлокаш Тоҷикистони кӯчаки моро шинохтаи ҷаҳониён, тиллои сафедаш ородиҳандаву нерӯбахши тани одамон ва гандумаш ҷонбахши ҷондорҳост.

Аммо ин ҳама пурсишеро дар зеҳн ба бор меорад, ки оё магар мешавад бе об кӯҳ пиряхдору пунба матоъу гандум орд бошад?

Агар посух 'на' бувад, онгаҳ мантиқӣ ва боиста аст, ки дар нишони давлатӣ об низ нигошта шавад.

Аммо боз ҳам на, чаро ки об андар дирафш нуҳуфтааст ва рангҳои он намоди вижагиҳои об аст.

Сурх аст, чун дар дарозои торих барои об ҷон бохтанду ҷон ситонданд.

Сафед аст, чун дар тирашабҳои мардум хуршедвор рӯшноибахш асту корсоз.

Сабз аст, чун сарсабзиҳои ҷаҳон зи об аст.

Тоҷ аст, чун Тоҷикистон саргаҳи обҳои ҷории ҳамсоякишварҳост.

Пас дирафш ки намоди обу Тоҷикистони пуроб аст, баланд бошад гаҳе беҷо кунад сангҳои сахти рӯзгоронро.

Ҳумоюн бод ҷашни дирафш!

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ҚУРБОНИ СОБИР аълочии кинематографияи тоҷик гардиду ҲОШИМ ГАДО қурбони собир!

ОБЛАВА: "СОАТ ЧАНДАЙ, БРАТИШКА?!"