ҚУРБОНИ СОБИР аълочии кинематографияи тоҷик гардиду ҲОШИМ ГАДО қурбони собир!


Яке аз муҳимтарин ташаббусҳои тозаи Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" дар остонаи ҷашни 90-умин солгарди ин ниҳод аз сӯйи раҳбарияти он созмондеҳии нишони "Аълочии кинематографияи тоҷик" хонда мешавад, ки қарор аст барои хадамоти шоиста ва назаррас дар пешрафти синамои миллӣ ба нафарони коркӯфтаи соҳа тақдим гардад.

Саранҷом синамогарони бисёре барои заҳамоти пурбор ва мондгор бо ин унвони тозатаъсис қадршиносӣ ва мавриди арҷгузорӣ қарор гирифтанд.
Боястӣ гуфт, ин ибтикор наву бесобиқа буда, дар ҳоле рӯйи даст гирифта шуда, ки бемории дунёгири тоҷвирус яксара доман густардаву зеҳни бознишастагони синаморо ошуфта карда. Дар ҳамчунин бӯҳрони зеҳниву рӯҳӣ арҷ гузоштан ба хадамоти эшон тағйири рӯҳия ва шодмонии онҳост, ки аз сӯе арзишмеҳварӣ ва ниҳодина шудани фарҳанги қадр аст. 
Аммо дар ин росто корозмудагоне низ ҳастанд, ки ҳанӯз ба ин нишон даст наёфтаанд ва имрӯзҳо бо тоҷвирус дасту панҷа нарм мекунанд...

Қурбони Собир

Ахиран Қурбони Собир, ки бозигари пурҳунари худовандгори сухани порсӣ - Абулқосими Фирдавсист, бо унвони мазбур тақдир шуд ва ранҷҳои бисёрсолаи ин "Фирдавсӣ"-и саҳнаи теотру синамои миллӣ барабас нарафт.
Ҳошим Гадо

Аммо Ҳошим Гадо, офаринандаи нақши паҳлавони устураии Сӯҳроб, ҳамоно ба ин мукофот даст наёфт, ки паёмадаш гӯӣ пас аз марги Сӯҳроб овардани нӯшдоруро монад...


Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ОБЛАВА: "СОАТ ЧАНДАЙ, БРАТИШКА?!"

КӮҲ, ПАХТА ВА ГАНДУМ: ЧАРО ДАР НИШОНИ ДАВЛАТӢ 'ОБ' НЕСТ?